МЕСТНЫЕ НОВОСТИ

Далер Назаров ҳунарманди ду аср, вале беунвон, чаро?

«…медонам, ки агар ба дунё нишоте метавонам оварда, фарқе намекунад, ки он тавассути синамост, консерт ё мусоҳиба».

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар жанри навтаъсиси эстрада ҳунармандони бағоят лаёқатманде рӯи саҳнаи ҳунар омаданд, ки дар фурсати начандон зиёд эстрадаи тоҷикро бо ҳама нафосату камолоташ натанҳо ба мардуми худ, балки ба ҷаҳониён муаррифӣ карда, дар мустаҳкамтар гардидани жанри эстрадаи тоҷик хидматҳои басо арзишманду шоистае кардаанду мекунанд. Он гурӯҳи ҳамоварди эстрадаи тоҷик дар ғанӣ гардонидани фонди тиллоии санъати мусиқӣ нақши боризи хешро гузоштаанд, ки ҳатто имрӯз ҳунармандони ҷавон аз осори эшон истифода мекунанд ва баҳри мо камоли ифтихор аст, ки чунону чунин ҳунармандони асил дар олами мусиқиамон зуҳур карданд, фарҳангу суннатҳои миллатро тариқи ҳунарашон бозгӯ намуданд.

Далер Назаров ҳунармандест, ки барои ҳамагон, аз хурд то бузург исмаш ошност ва аз ҷумлаи ҳунармандони дӯстдоштатарин дар кишвар маҳсуб меёбад. Ҳунар ва истеъдоди Далер воқеан фавқуллода аст ва санъаташ чун баҳрест, ки ҳама метавонад аз он шодоб бигардад. Далер Назаров низ замони Иттиҳоди Шӯравӣ рӯйи саҳнаи ҳунар омад. Ӯ ҳофизи ду аср маҳсуб меёбад ва дар ин ду давра тавонист, ки бо ҳунараш байни мардум маҳбубияти хосеро соҳиб гардад.

Далер Назаровро аллакай санъатшиносон ва рӯшанфикрон «Классикаи эстрадаи тоҷик» ва «Таърихи зиндаи мусиқии муосири мо» унвон додаанд. Ӯ то имрӯз ҳеҷ кадом унвони расмиро надорад ва доштани унвонҳои расмиро лозим ҳам намедонад. Овозхонӣ шуғли дӯстдоштааш мебошад ва ҳар чӣ месарояд, баҳри худу мардум аст. Ӯ аз касе умедвори мукофоту унвоне нест. Бале, ҳунарманд бояд дӯстдори пешаву ҳунари худ бошад, на ин ки аз паи шӯҳрату ном биравад. Далер ин нуқтаи борикро дар оғози фаъолияташ дарк намуд ва ин панди рӯзгор то имрӯз моҳияташро ҳифз намудааст.

Санъату ҳунари Далер Назаров аз марзҳои кишвар баромада, қитъаҳои Аврупову Осиё ва Амрикоро тасхир намудааст. Мавсуф сабаби ин маҳбубияташро дар он мебинад, ки ӯ суннатҳо ва расму русуми миллати хешро ҳифз намудааст ва онҳоро фаровон дар эҷодиёташ истифода мебарад. Дар ҷое ӯ оид ба се навъи мусиқии суннатӣ «Шашмақом», «Фалак» ва «Маддо»-и миллати хеш изҳор медорад:

“Мо аз ҷумлаи хушбахтарин соҳибони мусиқии ғании анъанавӣ ҳастем. Ин се рӯдхона аст, ки ба куллӣ аз ҳамдигар тафовут дорад ва ҳамзамон мутааллиқ ба як миллат аст. Ҳар яке аз ин ҷараёнҳо илҳомбахш ва таъминкунандаи мавод барои ҳазорон оҳангсозу овозхон аст. Ин се навъи мусиқиро намешавад аз паҳлӯ гӯш кард. Бояд ба умқи он фурӯ рафт…”

Назару андешаи ин ҳунарманди асил нисбати суннатҳои миллати хеш, фаротар аз тасаввуроти мо аст ва барои ҳифзу такмили он камар бастааст. Имрӯз бештари ҳунармардони эстрадаи мо сабку услуби афғониву эрониро пеш гирифтаанд, вале Далер Назаров дар оғози фаъолияти хеш то имрӯз бо сабки хоси тоҷикона эҷод мекунаду месарояд. Ин худ далелест, ки ба волоияти санъаташ арҷгузор бошем. Ва ҳамин сабки хосаш ӯро миёни мардум азизу муътабар медорад ва дар дунёи беканори мусиқӣ равияи хешро пайдо кардааст, ки бемуҳобот гуфта метавонем, Далер Назаров соҳибмактаб аст. Ин пиндор ё гуфтор бе асос нест, зеро ин «сӯфимашраб» даҳҳо шогирдоне дар мактаби худ ба камол расонидааст, ки ҳар кадоми онҳо дар такмил додани эстрадаи тоҷик хидматҳои назаррас карда истодаанд.

Баробари дар олами санъати эстрадаи тоҷик фаъолият доштанаш, Далер Назаров дар сохтани мусиқии филмҳо низ саҳмгузор аст. Чӣ тавре ки худи ӯ андеша дорад, ҳар чӣ аз номи ман мебарояд, бояд баркамол ва бенуқс бошад ва ин принсипаш талаб мекунад, ки ӯ як лаҳзае қарор нагирад ва ҳамеша дар ҷустуҷӯву омӯзиш бошад. То ҷое огаҳӣ ёфтем, нисбат ба худ хеле сахтгир буда, бештари вақти холигии хешро сарфи мутолиаи китоб мекардааст. Ҳеҷ вақт аз кори худ қаноатманд набуда, дар пайи боз ҳам беҳтар бояд офарид мерафтааст. Ҳама ёру ошно ва ҳамкасбон мегӯянд, Далер ба ҳар коре ки даст мезанад, онро бо тамоми назокату нафосаташ ба анҷом мерасонад. Бо вуҷуди оҳангсозиву ҳазору як резакориҳои дигари санъат, Далер дар филм ҳам нақш офаридааст. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ аз саволи  бароят кадом нақш писандтар аст: оҳангсоз, овозхон ё ҳунарпешаи синамо, дар ҷавоб изҳор медорад:

«…медонам, ки агар ба дунё нишоте метавонам оварда, фарқе намекунад, ки он тавассути синамост, консерт ё мусоҳиба».

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Об авторе

newsadmin

Оставить комментарий