ИНТЕРВЬЮ

Рустам Азимӣ: “МАНТУ”-ро пухта наметавонам вале сахт дӯст медорам

Написано newsadmin

Сарояндае, ки мешиносанду қадраш мекунанд. Сурудашро ҳамагон медонанд “Бишнав садои маро” пай бурдед, ки сухан дар бораи кист! Рустам Азимӣ  18 – октябри соли 1989 дар ноҳияи Панҷакенти бостонӣ  чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ аз даврони кудаки меҳр ба санъат баста, кушиш кард то муваффақ шавад. Соли 2014 қадами аввалини хешро ба ҷодаи санъат гузошт ва сурудҳои нав ба навро барои мухлисонаш пешкаш намуд. Аввалин суруде, ки сароид ном дошт “Бишнав садои маро” буд, ки уро дар байни мардум муаррифи намуд. Сурудҳои сароидааш пур аз меҳру муҳаббат, дустдорӣ, бевафои ва хиёнат мебошад. Сомонаи HIT.TJ тасмим гирифт то аз ҳаёт ва фаъолияти ин сарояндаи ҷавон маълумот дода бошад.

Саидмухтор: Рустам Азимӣ  саломи гарму самимии ман ва кормандони сомонаи Hit.tj-ро қабул намоед. Дар ин дақиқаҳо Шуморо аз сомонаи HIT.TJ ташвиш медиҳем. Мехостам ба Шумо як чанд суол пешниҳод намуда бошам.

Рустам Азимӣ:Ваълейкум салом, ба Шумо низ салом арз медорам. Марҳамат бо камоли майл…

Саидмухтор: Ташакури зиёд. Меҳри санъат дар дилатон чи тавр пайдо шуд?

Рустам Азимӣ: Аз даврони кудаки орзуи сароянда шуданро доштам, дар маҳфилҳои мактабиву  ҷамомадҳо суруд мехондам, фикр мекунам аз ҳамон лаҳзаҳо дар дилам орзуи сароянда шуданро мепарваридам.

Саидмухтор: Сабаби сароидани сурудҳои бевафои дар чист? Зеро чунин мавзуъҳо дар сурудҳои Шумо бештар аён мегардад.

Рустам Азимӣ: Ошиқ нашудаам, аммо хондани чунин сурудҳо бароям писанд аст. Дар оянда дигаргуни ворид месозем, аммо матнҳои интихобнамудаи ман ба чунин  оҳанг дуруст меояд. Боз сабаб он аст, ки барои ҷавонони имруза писанд аст, баъзан вақт чунин дархост мекунанд, ки чунин матнҳоро интихоб намоям.

Саидмухтор: Вакте, ки рӯ ба санъат овардед оилиаатон чӣ мегуфтанд зид набуданд.

Рустам Азимӣ:Барои сароянда шудан ҳамеша кушиш мекардам, падарам зид набуданд лекин модарам зид буданд пас аз сароидани суруди модар модарам розӣ шуданд. Дар дил орзу доштам, ки сароянда шавам барои амалӣ шудани он ҳамеша кушиш мекардам. Падарам ҳамеша дастгирӣ мекарданд, ки сароянда шавам ва устоди аввалини ман худи падарамро меҳисобам, ки маро дастгирӣ мекарданд.

Саидмухтор: Шуморо мардум бо кадом сурудатон шинохтанд ё кадом сурудатон Шуморо машҳур кард?
Рустам Азимӣ:Намедонам кадом сурудам маро машҳур кард, ҳамаи сурудҳоямро мардум гӯш мекунанд. Акнун инро мухлисон баҳо медиҳанд, ман намедонам кадом сурудам маро машҳур кард. Ба назарам, ки мухлисонам сурудҳоямро хуб қабул намуданд ва мехоҳам барояшон сурудҳои нав ба навро пешкаш намоям. Мухлисонамро қадр мекунам ва дӯсташон медорам, онҳо ҳастанд, ки мо санъаткорон ҳастем барои дастгирӣ кардан миннатдорам..

Саидмухтор: Устодони Шумо дар ҷодаи санъат?

Рустам Азимӣ: Дуруст қайд кардед бе устод санъаткор пеш намеравад. Ҳар як сароянда кӯшиш мекунад, ки аз устоди худ нозукиҳои санъатро ёд гирад. Дар ҷодаи санъат Аъзамҷон Ахмедовро устоди худ медонам. Зеро барои сароянда шудан бароям кӯмак намудаанд. Сурудҳои сарояндагони марҳум руҳашон шод бошад Кароматуллоҳи Курбон, аз  сарояндагони ҷавон Садриддин Наҷмиддин, сарояндагони Эрон бошад Муинро гӯш мекунам ва онҳоро ҷои устод медонам.

Саидмухтор: Огаҳ ҳастем, ки Шумо бо Шабнами Сураё консерт гузоштед, идеаи гузоштани консерт чӣ гуна пайдо шуд.

Рустам Азимӣ: Ростӣ ташкили чунин консерт дар сари ман набуд, вакте дар Исфара консерт гузоштем, пас аз он ба ман пешниҳод намуданд, ки агар рози бошед бо шабнами Сураё дар Исфара консерт монем, баъд ман розӣ шудам, аммо идеаи ман набуд инро ташкилкунандагон пешниҳод намуданд…

Саидмухтор: Оё Рустам ба ягон сароянда пайравӣ мекунад ва ё усули хоси худаш аст?

Рустам Азимӣ:Ҳамаи сарояндагонро ҳурмат мекунам дӯсташон медорам, сурудҳояшонро гӯш мекунам, лекин ба ягон нафар пайравӣ намекунам, стили хоси худам мебошад. Ҳар як сароянда стили худро дорад.

 

Саидмухтор: Бештар дар сурудҳоятон аз ашъори кадом шоирон истифода мебаред?

Рустам Азимӣ: Ман аз шеърҳои адибони класики тоҷик Ҷалолиддин Руми, Хайём, Мушфиқӣ, Ҳофиз ва аз шоирони имрӯза аз ашъори Озарахш ва бештар аз ашъори Синои Абӯалӣ истифода мебарам.

Саидмухтор: Агар сароянда намешудед кадом касбро интихоб мекардед?

Рустам Азимӣ: Ман ростӣ  синфи 4 будам ва аз ҳамон вақт меҳри санъат дар дилам нақш баста буд, ягон чиз дар назарам вуҷуд надошт ба ҷуз санъаткор шудан… Агар сароянда намешудам ба гуфти очаам, ки дар ягон сохтори давлатӣ кор мекардам.

Саидмухтор: То ин дам чанд албом баҳри мухлисонатон пешкаш намудед?

Рустам Азимӣ: Ҳаминро гуфтаниам, ки роҳи санъат хеле душвор аст, мо соли 2016 – гурӯҳи кориро ташкил кардем ва соли 2017- аввалин қадамҳои худро гузоштем, то ин дам як албом баҳри мухлисонам пешниҳод намудам. Насиб бошад дар соли 2018 албоми наверо омода намуда истодаем, ки пас аз моҳи шарифи “Рамазон”  пешкаши мухлисон менамоем.

Саидмухтор: Оё боре шудааст, ки аз санъатам даст мекашам гуфта асабонӣ шуда бошед?

Рустам Азимӣ: Ҷавоби қатъии ман ҳамин аст, ки “Аз ҳама чиз асабонӣ  шавам ҳам аз санъат асабонӣ намешавам.”Барои санъаткор бемории сахт ин бемории “ГРИПП”  мебошад, дар вақти зуком буданам низ суруд мехонам, зеро бе санъат зиндагиамро тасаввур кардан наметавонам, санъатамро дӯст медорам. Барои ман дар зиндаги аз ҳама муҳим падар модар аввалиндараҷа бошад, пас дуввуминдараҷа ин санъат аст.

Саидмухтор: Аз ӯҳдаи пухтани кадом хурок мебароед? Бештар кадом хурокро худатон мепазед?

Рустам Азимӣ: Аз пухтани бисёр намуди хурокҳо мебароям, дар даврони донишҷӯи ба пухтани хӯрок машғул мешудам. Дар оилаи мо духтар, ки  набуд аз ин лиҳоз ёрдамчии модарам будам ва аз пухтани қариб ҳамаи хӯрокҳо мебароям. Танҳо “манту”-ро пухта наметавонам вале сахт дӯст медорам.

Саидмухтор: Нақшаҳои Шумо дар соли равон ,мухлисонатонро чӣ навгониҳо интизораст?

Рустам Азимӣ: Ба наздики албоми нави “Тӯёна” ва ҳашт  дона  суруди нави ишқӣ дар албоми “Таърихи ишқ”  пешкаши мухлисон менамоям.

Саидмухтор: Таманиёти Шумо баҳри мухлисон ва сомонаи  HIT.TJ

Рустам Азимӣ: Сараввал ба ташкилкунандаи ин сомона Рустамҷон ташаккур мегӯям, сомонаи HIT.TJ яке аз сомонаҳои беҳтарин аст. Гарчанде нав ташкил шудааст, вале хонандагони ва истифодабарандагони зиёд дорад. Баҳри мухлисон сиҳат саломатӣ бурдбориҳо ва табъи хушу болидаро таманно дорам. Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошанд.

Саидмухтор: Саломат бошед ба Шумо дар ҷодаи санъат бурдбориҳо таманно дорам, бигзор ҳамеша дар ҷодаи санъат пешқадам бошед. Саломату сарбаланд бимонед.

Мусоҳибагиранда: Саидмухтори Саиданвар

Об авторе

newsadmin

Оставить комментарий