МЕСТНЫЕ НОВОСТИ

“12 соли интизорӣ” ва “Тангно” дар Русия бо забони русӣ

Ду филми ҳунарии истеҳсоли “Суғдсинамо” рӯзҳои наздик дар яке аз кинотеатрҳои шаҳри Маскав бо забони русӣ пешниҳоди дӯстдорони синамо хоҳад гашт.

Филмҳои ҳунарии “12 соли интизорӣ” (“12 лет ожидания”) ва “Тангно” (“Теснина”) бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав намоиш дода мешаванд.

Намоиши филмҳо дар нимаи дуюми моҳи июни имсол ба нақша гирифта шуда, ҳоло беҳтарин ҳунармандони рус дар яке аз идораҳои дубляж ба тарҷумаи филмҳои мазкур машғул мебошанд.

Филмҳои ҳунарии “12 соли интизорӣ” ва “Тангно” ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистон пурра намоиш дода нашудааст ва сабаби яку якбора дар шаҳри Маскав намоиш додани филмҳоро коргардон Муҳиддини Музаффар дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” чунин иброз дошт.

“Дӯстдорони синамои он ҷо зиёд дархост карданд, то филмҳоро ба онҳо низ нишон бидиҳем. Мавзӯи интизориву муҳоҷират, ки қисмати асосии филм ба ҳисоб меравад, ба саргузашти бархе аз муҳоҷирон бисёр наздик аст. Масалан, яке Армон, ки падари муҳоҷири худро ва дигаре Фаришта, ки шавҳари муҳоҷири худро интизоранд”.

Ҳамчунин, Муҳиддини Музаффар афзуд, ки синамои тоҷик бояд ҷаҳонӣ шавад ва барои ин бештар филм бардоштану роҳҳои навро ҷустуҷӯ кардан зарур аст.

“Аз оне ки филмҳо дар шаҳри Маскав намоиш дода мешаванд, сарбаландам ва мехоҳам боз ҳам кор кунам. Аз ин муваффақиятҳо қаноат карданӣ нестем ва мисли оне ки ҳанӯз коре накардаем, бояд ҳар рӯз кор кунем”.

Ёдовар мешавем, ки филмҳои ҳунарии мазкур бори аввал аст, ки дар шаҳри Маскав бо забони русӣ намоиш дода мешаванд.

Об авторе

newsadmin

Оставить комментарий