ИНТЕРВЬЮ

“Чашми шӯх” – тӯҳфаи Ситора пеш аз модар шуданаш

Написано newsadmin

Овозхони шинохтаи тоҷик Ситораи Кароматулло қабл аз модар шуданаш намоҳанги ҷадидеро ба мухлисонаш ҳадя кард.

Намоҳанг “Чашми шӯх” унвон гирифта, дар деҳаи зебоманзари Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав рӯи навор омадаву продюсерии онро Раҷ Аҳмад ба ӯҳда гирифтааст.

“Чашми шӯх” дар канали навтаъсиси “Ruyo” дар шабакаи YouTube пахш гардида, то имрӯз онро наздики 2 ҳазор нафар тамошо карда, баҳои хуб додаанд.

Матну оҳанги тарона тӯёна буда, дар намоҳанг нақшҳои асосиро ҳунармандони синамо Савригул Қурбонова, Шӯҳратшои Раҳматулло ва рӯзноманигорону ҳунармандони ҷавон Самандарзода Таманно, Халиф Ҷӯраев, Дурандеш Абдуллоев ва Сабринаи Назрӣ бозидаанд.

“Намоҳанг лаҳзаҳои маззадор дорад, ҳатман тамошо кунед”,-навиштааст Раҷ Аҳмад дар саҳифаи Инстаграми худ ва ба кулли дастандаркорони ин намоҳанги тоҷикона изҳори миннатдорӣ намудааст.

Пироҳанҳои зебову тоҷиконаро дизайнер Умед Негматов барои овозхон омода намуда, ороиши рӯю мӯяшро пардозгар Ланиша анҷом додааст.

Қаблан хабар дода будем, ки Ситора дар моҳи панҷуми ҳомиладорӣ қарор дорад ва дар моҳи сентябр бори нахуст модар мешавад. Ин намоҳанг тӯҳфаи Ситора пеш аз модар шуданаш мебошад.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Об авторе

newsadmin

Оставить комментарий