ЭКСКЛЮЗИВ

Филми нави таърихӣ дар бораи Чингизхон

Эмир Кустуритса коргардони югославӣ-сербӣ ният дорад, ки дар бораи Хони муғулҳо Чингизхон филме ба навор гирад, хабар медиҳад сомонаи “РИА Новости”.

Тибқи иттилои манбаъ, филм аз рӯи асари нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов ба навор гирифта хоҳад шуд.

“Айни ҳол ба сарам фикре омад, ки дар бораи Чингизхон филми бузурге дар бораи чӣ гуна инсон будани ӯ ба навор бигирам. Филм аз рӯи асари нависандаи беҳтарин Чингиз Айтматов таҳия гардида, то фестивали оянда омода мешавад”,-гуфтааст Эмир Кустуритса ба хабарнигорон дар доираи Фестивали байналмилалии “Қаҳрамон ва вақт” (“Герой и время”) дар Железноводск.

Коргардон ният дорад, ки саҳнаҳои филмро дар Қафқоз ва Сибир ба навор гирифта, барои иҷрои нақши асосӣ ҳунарманди мувофиқеро низ пайдо намояд.

Нақшаи ба навор гирифтани филм дар бораи хунхориҳои Чингизхон бори нахуст набуда, қаблан чандин филмҳои дигар дар бораи ин Хони муғулҳо рӯи навор омадааст.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Об авторе

newsadmin

Оставить комментарий