МЕСТНЫЕ НОВОСТИ

Хуҷанд: Ақаллан 400 нафар ҳам ба тамошои “Қорӣ-Ишкамба” наомаданд

Написано newsadmin

Ҳафтаи намоиши “Қорӣ-Ишкамба”-и Театри давлатии драмаи мусиқии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова дар шаҳри Хуҷанд ба охир расид.

Намоиши мазкур дар таҳияи коргардон Муҳиддини Музаффар давоми як ҳафта дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ пешниҳоди дӯстдорони театр гардонида шуд.

Коргардони намоишнома аз он гиламанд аст, ки давоми як ҳафта ақаллан 400 нафар ҳам ба тамошои намоишнома наомаданд, дар ҳоле ки шаҳри Хуҷанд 180 ҳазор аҳолӣ ва 10 ҳазор олиму нависанда ва шахсиятҳои фарҳангӣ дорад.

“Ҳафтаи намоиши “Қорӣ-Ишкамба” дар шаҳри Хуҷанд ба охир расид. Натиҷаҳо нишон доданд, ки олимону ситораҳои эстрада ва омӯзгорону зиёиёни шаҳр бо сабабҳои гуногун ба театр, ҳатто намоиши ҷолиб бошад ҳам намеоянд. Бовар дорем ин намоишро дидан мехостеду…аммо, вале, лекин… Аммо давоми як ҳафта як соат имконият даст надод…”-навиштааст Муҳиддини Музаффар дар саҳифаи Фейсбуки худ.

Коргардон умед дорад ва аз ҳамагон эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки дафъаи оянда ҳатман ба театр биёянд ва худро аз лаззати тамошои ҳар гуна намоишҳо маҳрум насозанд.

Ба гуфтаи Муҳиддини Музаффар тӯли як ҳафта рӯзноманигорони телевизион ва роҳбарони онҳо хеле фаъол буданд, вале аз афроди табақаҳои гуногун ақаллан 400 нафар ҳам ба театр наомадаанд.

Ёдовар мешавем, ки намоишномаи ҷолиби “Қорӣ-Ишкамба” аз санаи 3-юм то 9-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд ба намоиш гузошта шуда буд.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Об авторе

newsadmin

Оставить комментарий