ЭКСКЛЮЗИВ

Меҳрнигор бори аввал барои намоҳангаш “сари”-и 9 метра ба бар кард

Овозхони ҷавони тоҷик Меҳрнигори Рустам барои сабти намоҳанги ҷадидаш либоси анъанавии занҳои ҳинд – “сари” ба бар кардааст.

Меҳрнигор чандин маротиба ба Ҳиндустон сафар кардаву намудҳои гуногуни пироҳанҳои ҳиндиро ба бар карда бошад ҳам, дар саҳифаи Инстаграм аксеро аз ҷараёни сабти намоҳанги ҷадидаш гузошта, пӯшидани “сари”-ро бори аввал гуфтааст.

“Бори аввал кӯшиш кардам, ки “сари” ба бар кунам. Пӯшиданаш хеле душвор буд ва ман чандин бор кӯшиш кардам. Фикр мекунам, ки аз ӯҳдааш каму беш баромадам”,-навиштааст овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ.

Азбаски дар бораи суруд ва намоҳанги ҷадид маълумоте дода нашуда буд, мо бо Афсонаи Рустам менеҷери Меҳрнигори Рустам ба тамос баромадем, то маълумоти бештар ба даст орем.

“Баъди нашри аксҳои нав мардум фикр карданд, ки суруд ҳиндӣ асту Меҳрнигор “сари” пӯшидааст, вале дар асл ин тавр нест. Суруд комилан тоҷикӣ буда, танҳо дар як қисми он Меҳрнигор бо либоси ҳиндӣ баромад мекунад”,-гуфт Афсонаи Рустам дар сӯҳбати телефонӣ бо сомонаи “Padida”.

Ҳамчунин, Афсонаи Рустам афзуд, ки тарона ва намоҳанги ҷадид рӯзҳои наздик омода ва пешкаши мухлисон мегардад. Матни суруд ба қалами шоири муосири тоҷик Орзу Исоев тааллуқ дошта, онро худи Меҳрнигор ба риштаи оҳанг кашидааст.

Чунин ба назар мерасад, ки Меҳрнигор дар сабт ва пахши намоҳанг миёни дигар ҳунармандон пешсаф аст. Ҳамагӣ ду рӯз қабл намоҳанги ҷадидаш бо номи “Каҷакабрӯ”, ки дар мавзеи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ ба навор гирифта шудааст, дар шабакаи YouTube пахш гардид.

“Сари” либоси анъанавии занҳои ҳинд буда, то 9 метр дарозӣ ва то 1,2 метр паҳноӣ дорад, ки онро гирди худ тоб медиҳанд. Боварӣ дорем, ки Меҳрнигор аз ӯҳдаи пӯшидани “сари”-и 9 метра ба хубӣ баромадааст.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Об авторе

newsadmin

Оставить комментарий