МЕСТНЫЕ НОВОСТИ

Намоҳанги 15 ҳазор доллараи Зулайхо дар Туркия

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони тоҷик намоҳанги нави худро бо нархи ниҳоят гарон ба навор гирифтааст, ки то охири ҳамин моҳ пешкаши мухлисон мегардад.

Намоҳанг “Дилакам” унвон гирифта, дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби намоҳангсози эронитабори муқими Амрико Рамин Мансур рӯи навор омадааст ва дар ҳоли омодашавист.

Раҷ Аҳмад, продюсери Зулайхо Маҳмадшоева дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” иброз намуд, ки шумораеро дақиқ гуфта наметавонад, вале барои наворбардории намоҳанг маблағи ҳангуфт сарф шудааст.

“Чӣ қадар маблағ сарф шуд, бигзор махфӣ бимонад, вале ҳамин қадар гуфта метавонам, ки маблағи ниҳоят зиёд харҷ шудааст. Иҷораи мошин ва макони сабт, ороишоту сару либос ва дигар хароҷотҳоро ҳисоб кунем агар, ин хеле маблағи зиёд аст”,-шарҳ дод Раҷ Аҳмад.

Кулли хароҷоти намоҳангро ҳисоб карда, нархи онро тахминан 15 ҳазор доллар ва зиёда аз он гуфтан мумкин аст ва инро аз аксҳои дар саҳифаи Инстаграм нашрнамудаи худи овозхон метавон пай бурд.

“Дар мавриди ба кӣ тааллуқ доштани матн ва оҳанги тарона чизе намедонам, зеро ин суруд пеш аз оғози ҳамкориҳои ману Зулайхо омода шуда буд. Намоҳанг дар ҳоли омодашавист ва то охири ҳамин моҳ дастраси мухлисон мегардад”,-афзуд Раҷ Аҳмад.

Ёдовар мешавем, ки Зулайхо Маҳмадшоева ҳамкориашро бо Раҷ Аҳмад тоза шурӯъ кардааст. Қаблан ӯ бо Баҳриддини Сабур ҳамкорӣ дошт, вале бо сабабҳои номаълум ҳамкории худро қатъ намуданд.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Об авторе

newsadmin

Оставить комментарий