ГОРОСКОП

Толеънома барои санаи 13.06.2019

Написано newsadmin

Овен —  Ҳамал

Ин рӯз бо покизагию ботини, азнавсозии руҳи, паси саркардани шубҳаҳо вобастааст. Фурсати азхуднамудани илму донишҳои ниҳони, ба даст овардани ҳакикат мебошад. Аз ҳама чизҳое, ки ба шумо халал мерасонанд, дарҳол халос гардед.

 

Телец — Савр

Ин рӯз ба ҳаёти саврҳо ягон навоварии назаррас нахоҳад овард. Танҳо аз натиҷаҳое, ки дар гузашта содир карда будед, бардошт мекунед. Яъне хуби ва ё бади. Ин рӯзро шумо метавонед ба омӯхтани илм ва меҳнати зеҳниву дӯсти бахшида бошед.

 

Близнецы — Ҷавзо

Ваяқти мувофиқ барои роҳбарии идеологи аз болои одамони дигар, махсусан омӯзгори. Ҷавзоҳо метавонанд ҳиссиёти ҷалбкунандаи атрофиёнро ҳангоми баромади ҷамъияти ба худ нигаронанд. Имкониятҳои худро оид ба асосгузоштани рушд ва пешравии оянда ва мақсадҳои матраҳгардидаро аз даст надихед.

 

Рак — Саратон

Рӯзи хуб барои таҳсили илм, гирифтани дониш ва баланд бардоштани касбият барои бароҳмондани муносибатхо бо ташкилотҳои фарҳангиву ҷамъияти ба ҳисоб меравад. Бо одоб бошед ва ҳангоми фаъолияти якҷоя ё умуми ҳиссиёт ва эҳтиёҷоти мардумро ба назар гиред.

 

Лев — Асад

Мумкин аст аз кор равед, лек дар роҳи шумо пайдо гардидани инсонҳои ғайриодди, ки метавонанд дар оянда ҳамкор ва ё шарики доимии кори гардида бошанд, аз эҳтимол дур нест. Дар оғоз чунин менамояд, ки нобовари  дар кори  ҳамчоя эҳсос карда мешавад. Вале дар натиҷа тамоми амалҳоятон ба хуби анҷом меёбад. Роҳ ба сӯи комёби хело пурпечутоб аст, лек дар хотир доред, ки ноомадии муваққати аслан гирем нақшаҳои шуморо иваз нахоҳад кард.

 

Дева — Сунбула

Эҳтимол пастшавии қувва, табъи хира мушоҳида гардад.  Ба шумо муносибати қасдонаи атрофиён ва бемориҳои сирояти таҳдид мекунанд. Бояд аз баҳсу муноқишаҳо дар ҷои ҷамъияти худро дар канор гирифт, зеро дар чунин ҳолат шумо метавонед дарҳол шахси интиҳои шавед.

 

Весы – Мизон

Ба вуқӯъ пайвастани низоъ бо атрофиёне, ки мехоҳанд дар олами вертуалии хеш зиндаги карда, ба ҳаёти ҳақиқи муқобилият нишон медиҳанд аз эҳтимол дур нест. Муносибатҳои ҳамкориро натанҳо бо шахсони наздик, балки  бо ҳамфикронатон низ риоя намоед. Вагарна шумо даромади хубро аз фаъолияти дуҷониба аз даст хоҳед дод.

 

Скорпион – Ақраб

Эҳтимол ақрабҳо таъсири манфии бегонаро дар худ  ҳис намоянд. Ба аксарият сарҷамъ кардани фикрҳо ва анҷом расонидани ҳатто майдатарин вазифаҳо хеле мушкил ба даст меояд.  Инкадар зиёд асабони нашавед, ба кӯмак ва ақли солими наздикон такя намоед. Ронандагоне, ки нав нақлиётро идора мекунанд, тавсия дода мешавад, ки аз нақлиётҳои ҷамъиятии мусофиркашон истифода баранд. Ба фолбену муллоҳо муроҷиат кардан қатъиян манъ аст.

 

Стрелец — Қавз

Эҳтимол шумо имрӯз бисёр фаромӯшхотир ва саҳланкор шавед. Аз ин хотир бо атрофиён махсус занҳо ба амал омадани муноқишаву носозиҳо дар назар аст. Ташкил намудани ягон чорабини манъ аст. Саҳари ба худ каме танбали, орзу кардан ва фориғбол шуданро роҳ дихед. Масъалаи ҳалли калони молиявиро мавқуф гузоред.

 

Козерог —  Ҷадди

Бо ҳаргуна хабару маълумотҳо эҳтиёт бошед. Ба он нагузоред, ки гардиш кунад агар нахоҳед, ки дар оянда нохуширо ба сари худ биёред. Бехтараш бо ҷобаҷогузори дар хонаи зистатон ва партофтани чизҳои нолозима машғул шавед.

 

Водолей — Далв

Рӯзи хуб барои машғул шудан бо варзиш, шуғли дустдоштатон ва таъмири нақлиёт баҳисоб меравад. Махсусан фаъолии ҷисмони хеле муфид аст. Аз сарфаи бошиддат худдори намоед. Ором бошед, пешгӯиҳои манфи ҷои асос надорад.

 

Рыбы — Ҳут

Хабари ногаҳони маҷбур месозад, ки нақшаи тасдиқшудаатонро дигаргун созад. Гапдарои ва ба ҳиссиётҳои худ додашудан шуморо оқибат ба нохушиҳо оварда расониданаш мумкин. Ба пешниҳодҳои ҷолиб дода нашваед, аз шиносоиҳои ногаҳони худро дар канор гиред. Ҳисси худидоракуниро нигоҳ доред.

Об авторе

newsadmin

Оставить комментарий