ЗАРУБЕЖНЫЕ НОВОСТИ

Гаронарзиштарин ороиши мӯй омехта бо маҳсулоти заргарӣ дар ҷаҳон

Гаронарзиштарин ороиши мӯй омехта бо маҳсулоти заргарӣ дар ҷаҳон аз ҷониби заргари машҳури бритонӣ ва асосгузори хонаи ҷавоҳитори “Graff Diamonds” Лоуренс Графф муаррифӣ шудааст.

Лоуренс Графф ба ин ороиши мӯй “Hair & Jewel” ном ниҳода буд, ки 500 миллион доллари амрикоӣ арзиш дошт. Мавсуф ин амалро ба хотири 60 соли фаъолияти корияш дар корхонаи заргарӣ анҷом дода буд.

Нақшаи анҷом додани чунин ороиши нодири мӯй ҳанӯз соли 1970 тарҳрезӣ шуда буд. Он замон арзиши ороиш ҳамагӣ 1 миллион долларро ташкил мекард. Баъдан Лоуренс ба қароре омад, ки дар ороиш тағйирот ворид намуда, арзиши онро гаронтар кунад.

Ҳамин тавр мӯйро ороиш дода, ба он 22 дона санги қимматбаҳои бриллиантро ҳамроҳ кард. Ороиши мӯй аз пештара зеботар ва ҷаззобтар шуд, вале боз чизе барои пурратар шудани он намерасид. Лоуренс ороишро бо якчанд дона алмоси вазнаш 10 грамма пурра кард.

“Ман кӯшиш кардам образеро биофарам, ки диққати бонувонро ба хонаи ҷавоҳиротам ҷалб кунад. Ман ба мӯи сар алмос пӯшонидам ва кори корхонаи худро нишон додам”,-гуфтааст Лоуренс Графф дар яке аз сӯҳбатҳояш.

Ҳамчунин, Лоуренс қайд намудааст, ки давоми 60 соли фаъолияти корхонаи заргарияш доротарин шахсиятҳо, ба монанди Президенти феълии Амрико Доналд Трамп, ҳамсари футболбози англис Дэвид Бэкхем, ровии телевизион Опра Уинфри, шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Турки ибни Абдул Азиз Ал Сауд ба харидории маҳсулотҳои корхонаи ӯ омадаанд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо Лоуренсро ба мисли ин ороиши нодири мӯй хушҳол накарда буд.

Аз ин рекорди гузоштаи Лоуренс солҳо сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳол ороиши ӯ гаронарзиштарин дар ҷаҳон аст. Замоне ӯ худ писари як марди муҳоҷир буду дар Лондон ҳоҷатхона тоза мекард, вале ҳоло аз Дубай то Маскав 15 мағозаи фурӯши ҷавоҳироти бренди “Graff Diamonds” дар зери дасташ аст.

Лоуренс Графф 13-уми июни соли 1938 дар шаҳри Лондони Англия ба дунё омада, ҳоло 81 сола ва дар қайди ҳаёт аст. Сарвати дар ихтиёр доштаи ӯ аз рӯи ҳисоботҳои соли 2019 ба 5,5 миллиард доллари амрикоӣ рост меояд.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий