ЗАРУБЕЖНЫЕ НОВОСТИ

Лабҳои сурху мӯйҳои зард: Алла Пугачёва ба пирии худ тан додан намехоҳад

Примадоннаи эстрадаи рус Алла Пугачёва ба пирии худ тан надода, аксҳои худро бо лабҳои сурху мӯйҳои зард ва либосҳои ба синну солаш номувофиқ ба намоиш мегузорад.

Имрӯзҳо ин овозхони 70 сола ба тарбияи дугоникҳои худ Гарри ва Елизавета машғул аст, вале бо дарёфтани андак фурсат аксҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоияш ба маърази тамошо мегузорад.

Бори охир овозхон бо лабҳои сурху айнаки рӯшан ва мӯйҳои тиллоранг “селфи”-еро дар саҳифаи худ гузошта, навиштааст, ки мехоҳам ба шумо нигарам.

Расонаҳои русӣ мудом сару либос ва имиҷи тағйирёфтаи овозхонро зери тозиёнаи танқид қарор медиҳанд ва ин амалро дар шаъни як пиразани 70 сола кори айб мешуморанд.

Қаблан низ мухлисони овозхон ӯро бо шими кӯтоҳи қариб ба назар ноаён дида, ба ҳайрат омада буданд. Хулоса, ба Алла нигариста, боварии кас намеояд, ки ӯ имсол 70-солагии худро ҷашн гирифт.

Наздикони овозхон мегӯянд, ки Алла мехоҳад дар канори шавҳараш Максим Галкин ҳамеша зебою ҷавон бимонад ва ба ҳамин хотир маводҳои ороиширо худаш интихобу харидорӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Алла ва Максим соли 2011 оиладор шуда, соли 2013 дугоникҳои онҳо Гарри ва Елизавета ба дунё омаданд, ки худи овозхон шахсан ба тарбияи онҳо машғул аст.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий