МЕСТНЫЕ НОВОСТИ

Фарзандони Фаридун ва Фарзона дар Instagram соҳиби саҳифа шуданд

Закия ва Муҳаммадхуршед, фарзандони ду ситораи тобноки эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед дар шабакаи Инстаграм соҳиби саҳифа шудаанд.

Дар ин бора худи Фарзонаи Хуршед дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст.

Овозхон менависад, ки ин саҳифа бо хоҳишу дархости зиёди мардум, ки аз зиндагии Закия ва Муҳаммадхуршед огоҳ будан мехоҳанд, кушода шудааст.

“Ҳамеша талаботи бохабар будан аз зиндагии ин ду фаришта вуҷуд дорад, марҳамат бо онҳо дӯст шавед”,-навиштааст Фарзонаи Хуршед дар Инстаграми худ.

Закия ва Муҳаммадхуршед аз аввалин фарзандони санъаткорони тоҷик мебошанд, ки ба хурдии худ нигоҳ накарда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи шахсии худро доранд.

Яқин аст, ки саҳифаро худи Фарзонаи Хуршед идора мекунад, вале ҳамарӯза аксу наворҳои фарзандонаш Закия ва Муҳаммадхуршед дар он гузошта мешавад.

Фарзона ва Фаридун соли 2014 бо ҳам издивоҷ карда, соли 2015 Закия ва соли 2016 Муҳаммадхуршед ба дунё омаданд. Соли 2017 ситораҳо аз ҳам ҷудо шуданд ва тарбияи фарзандонро Фарзона ба ӯҳдаи худ гирифт.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий