МЕСТНЫЕ НОВОСТИ

Оила ва санъат: Нозия аз баҳри кадомаш гузашт?

“Худо нишон надиҳад, ки шавҳарам зидди санъатам бошад. Сараввал кӯшиш мекунам, ки бо марди мефаҳмидагӣ оиладор шавам, вале агар шавҳарам зид барояд, ман ҳунарамро қурбон мекунам. Аммо…”

Нозияи Кароматулло – овозхони ҷавону ширинсадо ва муваффақи тоҷик 7-уми феврали соли 1988 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи марди ҳунар Кароматуллои Қурбон таваллуд шудааст. Падари Нозия шодравон Кароматуллои Қурбон аз зумраи он сарояндагоне буд, ки ҳунари асилу нотакрор дошт ва хурду калон мухлиси ҳунараш буданд.

Бародараш Муҳаммадрафии Кароматулло низ аз хурдӣ ба ҳунару санъат меҳри беандоза дошт ва асбобҳои мусиқии миллиро хуб менавохт. Имрӯз Нозия ва Муҳаммадрафӣ рӯҳи падари бузургворашонро шод гардонида, ҳунари ӯро давом дода истодаанд. Нозия ва Муҳаммадрафӣ боз як бародари дигар доранд, ӯ шояд аз саҳнаву ҳунар дур ва ба кори дигаре машғул бошад.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ муноқишаҳои ҳарбӣ оғоз ёфт, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Рӯзи 17-уми октябри соли 1992 дар яке аз ҳамлаҳои мусаллаҳона Кароматуллои Қурбон (29.11.1961-17.10.1992) ва раққосаву навозандагони ӯро, ки дар умум 11 нафарро ташкил медоданд, ваҳшиёна ба қатл расониданд.

Ҳодиса дар гузаргоҳи БДА-и деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон, дар ҳоле рух дод, ки шодравон Кароматуллои Қурбон ва гурӯҳаш базмеро обод карда, ба шаҳри Душанбе бармегаштанд. “Мо ин ҷо мубориза мебарем, ту бошӣ дар тӯйҳо суруд мехонӣ” охирин ҷумлае буд, ки аз ҷониби қотилон садо доду тири синасӯз ҷони Кароматуллои хушовоз ва гурӯҳи ӯро қабз кард.

Ҳангоми аз дунё гузаштани шодравон Кароматуллои Қурбон Нозия ҳамагӣ чаҳор сол дошт ва баъди сари падар ӯро модар ва хешованди падараш ба воя расонида бузург карданд. Нозия лаҳзаи марги падарро барои худ талхтарин лаҳза дар ҳаёташ унвон додааст.

“Падарҷони бузурги ман Кароматуллои Қурбон бисёр ҳунарманди асил буданд ва дар тамоми Осиё шӯҳрати баланд доштанд. Талхтарин хотиротам ҳамин аст, ки ман падари бузургворамро дар синни 4-солагӣ аз даст додам ва ин лаҳзаҳо барои ман бисёр душвор буд. Ба ҳар ҳол ман ҳис мекунам, ки падарҷонам ҳамеша бо ман ҳастанд ва дар ҳаққи ман дуо мекунанд. Ҳар мушкиле, ки бароям пеш ояд, бо акси падарам сӯҳбат карда, худро ором месозам.”

Нозия аз хурдӣ ба суруду мусиқӣ завқ дошт ва аз муҳити атрофаш, ки ҳама дӯстдори ҳунару санъати асил буданд, илҳом мегирифт. Дар оилаи онҳо на танҳо падараш, балки бибиву аммаҳояш низ маҳорати овозхонӣ доштанд ва бо асбобҳои миллӣ суруд месароиданд. Ӯ дар мавриди овозхон шуданаш чунин мегӯяд:

“Агар ман дар оилаи санъаткор ба дунё намеомадам, шояд овозхон намешудам. Чашм кушодам, мусиқиро дидам, шунидам ва падарҷонам ҳар гоҳе ки дар утоқи корияшон машқ мекарданд, мо ҳам кунҷкобона дар бағалашон нишаста, ҳамон асбобҳои мусиқиро мерасидем. Падарҷонам бисёр хушҳол мешуданд ва мегуфтанд, ки ман духтаракамро скрипканавоз мекунам.”

Нозия орзуи падарро ҷомаи амал пӯшонид ва на танҳо скрипканавози моҳир, балки ҳунарманди хуб ва номбардори падари бузургвораш низ гардид. Имрӯзҳо вақте номи Нозияи Кароматулло ва ё Муҳаммадрафии Кароматулло ба гӯши кас садо медиҳад, аввалан пеши назар чеҳраи Кароматуллои Қурбон намудор мегардад. Дар ҳақиқат ин ду фарзанди шодравон тавонистанд, ки рӯҳи падарро шод ва хотироти ӯро абадан дар дили мухлисонаш зинда нигоҳ бидоранд.

Нозия мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи Миратулло Атоевро дар шаҳри Душанбе (аз рӯи сарчашмаҳои дигар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова) соли 2005 хатм намуда, баъди хатми мактаб ва соҳиб шудани диплом таҳсили худро дар Консерваторияи Шрирам Бхаратия Кала Кендраи шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дар шӯъбаи яккахонӣ ва рақс идома додааст.

Ҳангоми дар курси дуюми Консерватория таҳсил карданаш Нозияро ба озмуни рақс, ки “Катҳак” ном дошт, даъват намуданд. Зеро ӯ дар давоми таҳсил аз фарҳангу маданияти мардуми Ҳинд хуб огоҳӣ пайдо карда буд. Озмун дар шаҳри Деҳлӣ баргузор гардид ва Нозия аввалин ҷоизаи худро он замон ба даст оварда буд. Инчунин, дар соли дуюми таҳсилаш дар Консерваторияи шаҳри Деҳлӣ ӯро барои иҷро намудани нақши духтаракаи Кашмирӣ ба филми “Тасаллои умед” даъват намуданд. Худи Нозия ин лаҳзаро дар яке аз мусоҳибаҳояш чунин шарҳ додааст:

“Вақте ки ман дар Ҳиндустон бо либосҳои ҳиндӣ гаштугузор мекардам, касе шаҳрванди хориҷӣ будани маро пай намебурд. Ҳама гумон мекарданд, ки ман аз Кашмир ҳастам. Зеро ба мардуми ин минтақа сахт шабоҳат доштам. Дар иду ҷашнҳо аз либосҳои миллии худамон мепӯшидам ва баъдан онҳо мефаҳмиданд, ки ман аз хориҷа, яъне аз Тоҷикистон ҳастам”.

Соли 2010 Консерваторияро бо дипломи аъло хатм намуда, ба Ватан баргашт. Баъди бозгашт боз ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, онро низ соли 2015 бомуваффақият ба итмом расонид. Нозия дар ҳудуди Тоҷикистон ягона овозхоне ба ҳисоб мерафт, ки бо забони ҳиндӣ суруд мехонд ва рақси миллии онҳоро иҷро мекард. Дар эҷодиёти ӯ суруду таронаҳои ҳиндӣ кам нестанд.

Баъди хатми донишгоҳ соли 2010 дар толори консертии “Кохи Борбад” консерти яккаи худро бо номи “Гиряи ҷон” барпо намуда, бо ин роҳ тавонист мухлисони ҳунари худро зиёдтар намояд. Ӯ дар зиёда аз 7 соли фаъолияти эҷодияш барои мухлисони серталабаш 4 албоми таронаҳояшро таҳти унвонҳои “Таваллуди дигар”, “Гиряи ҷон” ва “Давоми роҳ” пешниҳод кардааст.

Нозия ҳам дар сароидани суруд ва ҳам дар интихоби сару либос як сабку услуби ба худ хос дошт. Чуноне ки худаш қайд кардааст, дар ҳар як баромадаш кӯшиш мекунад, ки бо навгонӣ ба саҳна барояд, зеро ин дар навбати аввал барои мухлисон низ ҷолиб аст.

“Вақте ман соли 2010 Консерваторияи Деҳлиро хатм карда, ба Ватан баргаштаму консерти яккаи худро барпо намудам, он ҷо меҳмонон аз Ҷумҳурии Ҳиндустон низ иштирок доштанд. Онҳо ба ман либоси сафедеро ҳадя оварда буданд, ки тақрибан 50-60 килограмм вазн дошт. Ин дар ҳолест, ки ман худам он замон 45 килограмм вазн доштам. Маро лозим буд, ки ана ҳамин либоси 50-60 килограммаро ба бар кунам. Бароям хеле мушкил буд, зеро хатари ҳар лаҳза афтидан маро таҳдид мекард. Хушбахтона тамрин кардем ва ман рӯзи консерт наафтида бо ин либос суруд сароидам”,-аз хотироти консерти яккаи худ бо хурсандӣ нақл мекунад Нозия.

Аввалин суруде, ки Нозия сароид ва ӯро миёни мардум ҳамчун духтари шодравон Кароматуллои Қурбон муаррифӣ карда буд, “Дидаи дил” унвон дошт. Овозхон ин сурудро дар синни 16-солагияш сароидааст. Баъдан таронаи “Ёди падар”-ро ба падари шодравонаш бахшид. Суруди аввалинашро сароиду мардум зуд қабулаш карданд. Зеро мухлисони падараш ташнаи ҳунари волои ин оила буданд ва аз оне ки Нозияву Муҳаммадрафӣ роҳи падарро интихоб кардаву давом дода истодаанд, изҳори хушнудӣ мекарданд.

Нозия дар тӯю маҳфилҳо хеле кам баромад мекард ва бештар кӯшиш ба харҷ медод, ки иштирокчии чорабиниҳои давлатӣ бошад. Дар зиндагӣ духтараки шӯху бебок, вале нисбат ба кор хеле ҷиддӣ ва сахтгир аст. Намехоҳад, ки дар интихоби шеъру оҳанг ғалат карда бошад. Замоне ки шӯҳраташ дар авҷ буд, ҳеҷ аз саҳна дур шудан намехост. Дар сӯҳбатҳояш бо рӯзноманигорон пайваста зикр мекард, ки ба марде ба шавҳар мебароям, ки зидди ҳунарам набошад. Вале агар зид барояд, ҳунарамро қурбони оилаам мекунам. Дар як сӯҳбаташ бо радиои “Азия Плюс” гуфта буд:

“Худо нишон надиҳад, ки шавҳарам зидди санъатам бошад. Сараввал кӯшиш мекунам, ки бо марди мефаҳмидагӣ оиладор шавам, вале агар шавҳарам зид барояд, ман ҳунарамро қурбон мекунам. Аммо ин охири кор нест, ман ҳуҷраи худро гирдогирд оинабандӣ карда, “микрофон”-ро мегираму барои худ суруд мехонам.”

Дар тӯли 7 соли фаъолияти эҷодияш клипҳои зиёде ба навор гирифта, пешкаши мухлисони ҳунараш гардонидааст. Миёни ин ҳама клипҳои “Бе ту дилгирам”, “Бе ту мемирам”, “Попурӣ”, “Кам-кам” ва “Ҳиндӣ” пурбинандатарин ба ҳисоб мераванд. То замони аз саҳна дур шуданаш дар ансамбли “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард ва дар рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон, Федератсияи Руссия, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қирғизистон ва Туркманистон баромад намудааст.

Дар давоми 7 соли фаъолияташ бо Остони Азиз (Ҳиндӣ), Ҳусайн Асирӣ (Куҷоӣ) ва бародараш Муҳаммадрафӣ сурудҳои якҷоя сароида, бо Орзу Исоев ва Даврони Раҳматзод пайваста ҳамкорӣ дошт. Ба хотири саҳм гузоштан дар рушди санъату фарҳанги тоҷик соли 2008 бо суруди “Ситора дар само” барандаи ҷоизаи “Ситораи сол” гардидааст.

Соли 2014 Нозия ба шавҳар баромад. Кӣ будани шавҳари ӯро то ҳол касе намедонад. Худи овозхон низ дар бораи ҳаёти оилавияш ба касе чизе намегӯяд. 7-уми декабри соли 2015 Нозия бори аввал модар шуд. Духтарчаи ӯ бо вазни 3,2 кг ва 52 см қад ба дунё омад. Тӯли 4 сол Нозия мӯҳри хомӯшӣ бар лаб задаву ба тарбияи фарзандонаш (баъдтар соҳиби як фарзанди дигар шуд) машғул буд.

Дар охири соли 2018 бо бародараш Муҳаммадрафии Кароматулло суруди “Ишқи рӯҳафзо”-и падари шодравонашонро бозхонӣ карда, аз баргаштанаш ба саҳна дарак дод. Клипи таронаи мазкур дар мавзеи “Искандаркӯл”-и ноҳияи Айнӣ ба навор гирифта шуда, Нозия бо имиҷи тамоман дигар баромад кардааст. Суруди “Ишқи рӯҳафзо”-ро Кароматуллои Қурбон чанд сол муқаддам бо Ширин суруда буданд. Ба саҳна баргаштани Нозия мухлисони ҳунарашро беҳад хурсанд кард ва онҳо умед бар он доранд, ки овозхон дигар тарки саҳна намекунад.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий