ЗАРУБЕЖНЫЕ НОВОСТИ

Селена Гомес боз аз истифодаи шабакаи Instagram даст кашид

Ҳунарманд ва овозхони машҳури амрикоӣ Селена Гомес бори дигар эълон доштааст, ки аз истифодаи шабакаи Инстаграм даст мекашад.

Ба иттилои сомонаи “Факты”, Селена барномаи Инстаграмро аз телефони худ тоза карда, иброз доштааст, ки дигар истифода намебарад.

“Шабакаҳои иҷтимоӣ маро зиёд асабӣ мекунанд. Онҳо сабаб мешаванд, ки ман расмҳои худро такроран тамошо мекунам ва аз андоми худ қаноатманд нашуда, асабонӣ мешавам ва худро бад ҳис мекунам. Ба фикри ман вақти зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хондану ҷавоб додани шарҳҳо сарф кардан кори хуб нест”,-гуфтааст Селена Гомес ба хабарнигорон.

Ба гуфтаи овозхон, на танҳо худи ӯ, балки зиёд ҷавонони имрӯза саргарми шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Инстаграм ҳастанд, ки ин ҳам ба саломатии онҳо зарар дорад ва ҳам талафоти беҳудаи вақт аст.

Овозаи аз истифодаи Инстаграм даст кашидани Селена Гомес ба гӯши директори генералии шабакаи Инстаграм Адам Моссери низ расидааст. Ӯ мехоҳад, ки шахсан бо худи Селена вохӯрад, то ки ҳунарманд кори худро дар Инстаграм идома бидиҳад.

Селена бо 152 миллион нафар обуначӣ дар шабакаи Инстаграм дар зинаи аввал қарор дорад ва бори охир санаи 9-уми июни соли ҷорӣ дар саҳифаи худ фаъол шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта низ овозхон бар асари беморӣ аз истифодаи Инстаграм даст кашида буд ва баъди шифо ёфтан будора фаъол шуд, вале ин дафъа фаъол шуданаш ба гумон аст.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий