ЗАРУБЕЖНЫЕ НОВОСТИ

Шоҳрух Хон ва писараш ба филми тасвирии “Шоҳ Шер” овоз доданд

Ҳунарманди рақами 1-и Болливуд Шоҳрух Хон ва писари калонияш Арян Хон ба филми тасвирии “Шоҳ Шер” (“Король Лев”) овоз додаанд.

Дар ин бора худи ҳунарманд дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Арян Хон ба шербача Симба ва Шоҳрух Хон ба падари шербача Муфаса бо забони ҳиндӣ овоз додаанд.

“Овоздиҳӣ ба Муфаса ва Симба барои ману писарам ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам дар ҳаёти эҷодӣ бисёр кори шавқовар буд. Тамошои ин филми тасвирӣ ҳамроҳ бо писари хурдиям Абрам аз овоздиҳӣ шавқовартар аст. Лаҳзаҳои шунидани овози ману бародари калонияш аз забони қаҳрамонҳои филм барои Абрам фаромӯшнашаванда хоҳад буд”,-гуфтааст Шоҳрух Хон дар сӯҳбат бо хабарнигорон.

Овоздиҳӣ барои Арян Хон бори аввал набуда, чанд сол қабл ӯ ба Дэша, яке аз қаҳрамонҳои филми тасвирии “Суперсемейка” овоз дода буд.

Филми тасвирии “Шоҳ Шер” (“Король Лев”) истеҳсоли ширкати амрикоии “Disney” буда, бори аввал соли 1994 намоиш дода шудааст. Филм барандаи ду ҷоизаи “Оскар”, се ҷоизаи “Курраи тиллоӣ” (“Золотой глобус”) ва се ҷоизаи “Грэмми” мебошад.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий