МЕСТНЫЕ НОВОСТИ

Афзалшоҳи Шодӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар Белгия ҳунарнамоӣ кард

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев пас аз бемории тӯлонӣ бори нахуст дар шаҳри Брюссели Белгия баромад кардааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пойтахти Аврупо-шаҳри Брюссел ҳамоиши ҳамватанони сокини Белгия, Нидерландия ва Люксембург ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардидааст.

Сафари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Эркинхон Раҳматуллозода дар назди ҳозирин суханронӣ намудааст.

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев дар охири ҳамоиш фазои Сафоратро бо таронаҳои дилангезаш шукӯҳи тоза бахшидааст.

Ёдовар мешавем, ки Афзалшоҳ Шодиев тӯли чанд муддат аз бемории меъда ранҷ мебурд ва билохир дар кишвари Олмон ҷарроҳӣ шуда, аз панҷаи беморӣ раҳо ёфт. Ин ҳунарнамоии нахустини овозхон пас аз ҷарроҳӣ шуданаш мебошад.

Овозхон айни замон роҳбарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраевро ба ӯҳда дорад.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий