ЗАРУБЕЖНЫЕ НОВОСТИ

Филипп Киркоров дар намоҳангаш лаҳзае урён нақш офарид

Овозхони машҳури рус Филипп Киркорови 52-сола намоҳанги ҷадиди худро нашр кард, ки дар он чанд сонияе лучи модарзод нақш офаридааст.

Намоҳанг “Хиҷолат ғайб зад” (“Стеснение пропало”) ном гирифта, давоми ҳафт соати пахшаш дар канали “StarPro” дар шабакаи YouTube наздики 100 ҳазор нафар онро тамошо кардаанд.

Намоҳанги ҷадиди овозхон аз намоҳангҳои қаблияш фарқкунанда буда, мувофиқи мазмуни суруд гоҳе урён, гоҳи дигар ҳамчун духтури касалиҳои занона ва муаллими ҷуғрофия нақш офаридааст.

Сенарияи намоҳанг маҳсули эҷоди гурӯҳи “Заячий Стон” буда, продюсерии онро Павел Худяков ва коргардонияшро Заур Засеев ба ӯҳда гирифтаанд.

Нақшҳои асосиро дар намоҳанги мазкур худи Филипп Киркоров, Максим Амелченко, Кирилл Петров, Виталий Боровик, Алексей Поляков ва Алиса Лобанова иҷро кардаанд.

Ин маротиба намоҳанги Филипп Киркоров ба мухлисонаш он қадар писанд наомад, зеро онҳо дар ин синну сол чунин намоҳангро интизор набуданд. Инро аз шарҳҳои зери суруд дар Instagram ва YouTube мушоҳида кардан мумкин аст.

Ҳамчунин, дар намоҳанг таблиғи маҳсулотҳои гуногун зиёд дида мешавад, ки мухлисони овозхонро бештар асабӣ ва ба хашм овардааст.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий