МЕСТНЫЕ НОВОСТИ

Консерти Нозия ва Муҳаммадрафӣ дар Панҷакент ба таъхир афтод

Санаи баргузории консерти ду ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик Нозия ва Муҳаммадрафии Кароматулло дар шаҳри Панҷакент ба таъхир афтодааст.

Қарор буд, ин барномаи деринтизори консертӣ санаи 20-уми июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор бигардад.

Як манбаи мӯътамад дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” гуфт, ки сабаби ба таъхир афтодани консерт ба рӯзи корӣ рост омадани санаи баргузории он будааст.

“Консерт ба рӯзи корӣ рост омад ва раис маҷлис карда гуфтанд, ки онро дар рӯзи истироҳат баргузор кунед, зеро дар рӯзи корӣ мардуми коргар наметавонанд дар ин барнома иштирок кунанд”,-шарҳ дод манбаъ.

Ҳоло санаи баргузории консерт ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне санаи 27-уми июн, соати 15:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент ба таъхир афтодааст.

Нозияи Кароматулло баробари дубора рӯи саҳнаи ҳунар омаданаш дар як қатор шаҳрҳои вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан консерти худро барпо намуд ва ҳоло ӯ меҳмони шаҳри Панҷакент хоҳад буд.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий