ЗАРУБЕЖНЫЕ НОВОСТИ

Салмон Хон – ҳунарманде, ки барояш кор аз оила болотар аст

Ситораи тобноки синамои Болливуд Салмон Хон иброз намудааст, ки аз нақшофарӣ дар филмҳо даст кашиданӣ нест, вале ба тиҷорат низ машғул аст.

Ҳунарманд дар сӯҳбат бо сомонаи “Bollywoodtimes.ru” гуфтааст, ки соҳиби тарабхона шуданаш овозае беш нест, вале дар баробари нақшофарӣ, ба тиҷорати хурд машғул аст.

“Тарабхона? На! Вале ба фурӯши чаканаи либосворӣ ва маҳсулоти заргарӣ машғулем. Инчунин, толори варзишӣ ва таҷҳизотҳои гуногун ҳам дорем. Диққати мо бештар ба сифат ва ба муддати дароз кор кардани таҷҳизотҳо равона карда шудааст. Саршавияш хуб аст ва Худо кунад, ки оқибаташ ба хайр шавад”,-гуфтааст Салмон Хон ба сомонаи “Bollywoodtimes.ru”.

Салмон Хон бо вуҷуди ин қадар машҳуру маҳбуб буданаш, то ҳол оиладор нашудааст ва дар ҳоли ҳозир нияти оила барпо кардан ҳам надорад.

“Зиёд мехоҳам соҳиби кӯдак бошам, вале ҳамроҳи кӯдак модараш ҳам меояд. Барои ман кӯдак лозим, аммо модараш не”-иброз намудааст дар идомаи сӯҳбаташ.

Абдул Рашид Салим Салмон Хон 27-уми декабри соли 1965 дар шаҳри Индури Ҳиндустон дар оилаи нависандаи мусалмон Салим Хон ба дунё омадааст. Фаъолияти ҳунарияш аз соли 1988 оғоз гардида, то имрӯз қариб дар 100 филми ҳунарӣ нақшҳои ҷолибу хотирмон офаридааст.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий