ЗАРУБЕЖНЫЕ НОВОСТИ

Дипика Падуконе зидди қонуни ҳамҷинсгароӣ дар Ҳиндустон аст

Ҳунарманди шинохтаи синамои Болливуд Дипика Падуконе андешаи худро оид ба қонуни радшудаи ҳамҷинсгароӣ дар Ҳиндустон баён намудааст.

Дипика мегӯяд, ки вақте хабари қабули ин қонунро шунид, ҷон аз дасту пояш баромад. Ин хабар миёни ҷомеа шӯреро барангехт ва хушбахтона Суди олии Ҳиндустон қонуни мазкурро рад кард.

“То ҳол вақте ин хабар ба ёдам меояд, худро бад ҳис мекунам. Худатон як маротиба тасаввур кунед, ки чӣ гуна ду нафари ҳамҷинс бо ҳам муносибат карда метавонанд? Мо набояд ба ҳама иҷозат диҳем, ки боқимондаи умри худро бо нафари дилхоҳаш гузаронад. Баъзан ба ин кор дахолат кардан зарур аст”,-гуфтааст Дипика Падуконе ба хабарнигорон.

Қабули қонуни ҳамҷинсгароӣ дар Ҳиндустон дар ҳоле рад гардид, ки мавриди нигаронӣ ва танқиди сахти ҷомеа қарор гирифт. Суди олии Ҳиндустон қонуни мазкурро ахиран дар моҳи сентябри соли гузашта рад кард.

Дипика Подуконе модел ва ҳунарпешаи шинохтаи ҳинд мебошад. Мардум ӯро бештар аз филми “Вақте як ҳаёт кофӣ нест” (“Когда одной жизни мало”), ки бо номи “Ом Шанти Ом” низ машҳур аст, мешиносанд.

Дипика 5-уми январи соли 1986 дар шаҳри Копенгагени Дания ба дунё омадааст. Замоне ки ӯ 11 моҳа буд, оилаи онҳо ба Ҳиндустон кӯчиданд. То имрӯз Дипика шаҳрванди Ҳиндустон аст ва ҳамин ҷо фаъолият дорад. Соли гузашта оиладор шуд. Шавҳараш низ ҳунарманди машҳури ҳинд Ранвир Сингх мебошад.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий