ЗАРУБЕЖНЫЕ НОВОСТИ

“Гуноҳҳо”: Егор Кридро ба таронадуздӣ айбдор мекунанд

Овозхони рус Егор Крид пас аз рафтанаш аз “Black Star” дар танҳоӣ таронаеро эҷод кард, ки онро ба таронаи овозхони дигар монанд ва Егорро бо дуздӣ айбдор мекунанд.

Егор Крид то ин дам дар маркази продюсерии “Black Star” фаъолият мекард ва таронаи “Гуноҳҳо” (“Грехи”) нахустин таронае мебошад, ки овозхон дар танҳоӣ ва берун аз муҳити “Black Star” эҷод кардааст.

Таронаи “Гуноҳҳо”-и Егор Кридро ба суруди “Нилгун” (“Blue”)-и рэпсарои амрикоӣ Ҷейден Смит монанд кардаанд ва ин моҷарову монандкунӣ аз ҷониби оҳангсози маркази продюсерии “Black Star” Алекс Давиа сурат гирифтааст.

“ВАО тӯли чанд рӯз аз он менависанд, ки гӯё таронаи “Гуноҳҳо”-и ман нусхаи таронаи “Нилгун”-и Ҷейден Смит бошад. Сабкаш монанд, лекин матн, оҳанг ва коркард дигаргуна аст”,-навиштааст Егор Крид дар саҳифаи Инстаграми худ.

Ҳамчунин, овозхон афзудааст, ки таронаи Ҷейден Смит ба ӯ илҳом бахшид, ки суруди “Гуноҳҳо” эҷод шавад.

“Black Star” маркази продюсерии русие мебошад, ки соли 2006 аз ҷониби овозхони рус Тимур Юнусов машҳур бо тахаллуси Тимати таъсис дода шудааст. Егор Крид низ аз соли 2012 то аввали имсол аъзои ҳамин марказ буд ва дар аввали соли 2019 шартномааш бо “Black Star” ба анҷом расид.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

 

Оставить комментарий