МЕСТНЫЕ НОВОСТИ

Нигора Холова: Аз “Қиссаи танҳоӣ”-ю нақши Суруш то солгарди издивоҷ

Овозхони ҷавони эстрадаи тоҷик Нигора Холова пас аз чанд муддати хомӯшӣ намоҳанги ҷадиди худро пешкаши ҳаводорони ҳунараш гардонид.

Намоҳанг “Қиссаи танҳоӣ” унвон гирифта, дар он бародари ҳунарманди Нигора, овозхони ҷавон Суруш Холов бо пианино чанд лаҳзае нақш офаридааст.

Муаллифи матн Эҳсон Аъзамиён буда, оҳанг моли оҳангсоз Даврони Раҳматзод мебошад. Танзим ва банду басти таронаро Ҷӯрабек Умаров ба ӯҳда гирифтааст.

Намоҳанги мазкур соате қабл дар канали “AZIM Production” дар шабакаи YouTube нашр гардид ва шумораи тамошобинон дар ҳоли афзоиш аст.

Ороиши рӯю мӯйи овозхонро пардозгар Мавлуда Азизова ба зимма гирифта, худи намоҳанг аз ҷониби студияи “AZIM Production” сабт шудааст.

Нигора Холова аз зумраи сарояндагони тоҷик аст, ки бо таронаҳои пурмазмун ва одоби либоспӯшӣ миёни дигар ҳунармандон дар зинаи намоён қарор дорад ва мухлисонаш низ кам нестанд.

Давоми як соли охир намоҳанги “Қиссаи танҳоӣ” барои мухлисони Нигора нахустин намоҳанг мебошад. Соли гузашта ӯ дар бораи духтарчаи худ Амира намоҳанги “Шодии дунё”-ро дар шаҳри Дубай сабт карда буд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл овозхон 5-солагии издивоҷи худу шавҳарашро ҷашн гирифт. Ӯ бо шавҳараш хушбахт аст ва оиларо муқаддас мешумораду дар зиндагӣ аз ҳама муҳим оиларо медонад.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий