ЗАРУБЕЖНЫЕ НОВОСТИ

Номи овозхон Анди дар “Хиёбони шӯҳрати Ҳолливуд” ҳаккокӣ мешавад

Рӯйхати ҳунармандоне, ки номи онҳо соли 2020 дар “Хиёбони шӯҳрати Ҳолливуд” (“Hollywood Walk of Fame”) ҳаккокӣ карда мешавад, маълум гардидааст.

Оҷонсии иттилоотии русӣ-арманӣ менависад, ки Палатаи савдои Ҳолливуд рӯйхати нави ситораҳое, ки номашон дар “Хиёбони шӯҳрати Ҳолливуд” навишта мешавад, нашр кардааст.

Соли оянда дар қатори ситораҳои шӯҳратёри Ҳолливуд номи овозхони эронӣ Анди, ки феълан дар Амрико зиндагӣ дорад, ҳаккокӣ карда хоҳад шуд.

Дар қатори Анди номи дигар ситораҳои амрикоӣ, аз ҷумла модел Синди Кроуфорд, ҳунарпеша Ҷулия Робертс, Октавия Спенс, ҳунарманд Крис Ҳемсворт, Маҳершала Али, коргардон Спайк Ли, ровии телевизион Венди Уилямс, оҳангсоз Билли Айдол, Элвис Костелло ва дигарон навишта мешавад.

Дар шаҳри Лос-Анҷелоси иёлоти Калифорнияи Амрико хиёбоне бо номи “Голливудский бульвар” вуҷуд дорад, ки дар он дар дохили ситораҳои гулобӣ исми ситораҳои амрикоӣ ҳамасола ҳаккокӣ мешавад, ки онро ба ибораи дигар “Хиёбони шӯҳрати Ҳолливуд” меноманд.

Дар “Хиёбони шӯҳрати Ҳолливуд” то ҳол исми 2500 ситора бо ишораи соҳаи фаъолият, аз қабили овозхонҳо, ҳунармандони театру синамо, моделҳо, оҳангсозон, продюсерон ва онҳое, ки дар шоу-бизнес муваффақанд, навишта шуда, соли оянда ин шумора меафзояд.

Хиёбони мазкур соли 1958 таъсис ёфта, онро Палатаи савдои Ҳолливуд идора мекунад ва ҳамасола зиёда аз 10 миллион нафар аз ин хиёбон дидан мекунанд.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий