ЭКСКЛЮЗИВ

Сабти филми “Форсаж 9” бо иштироки Вин Дизел оғоз гардид

Наворбардории филми криминалӣ ва ҷангии “Форсаж 9” дар Британияи Кабир оғоз гардидааст.

Дар ин бора қаҳрамони асосии филм, ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Вин Дизел дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст.

“Бовариям намеояд, ки рӯзи нахустини наворбардорӣ шурӯъ гардид. Ташаккур ба студияи “Universal”, ба гурӯҳи корӣ ва пеш аз ҳама ба тамошобинон, ки бесаброна баромадани филмро интизоранд”,-навиштааст Вин Дизел дар Инстаграми худ.

Қисмати 9-уми филм дар Британияи Кабир наворбардорӣ мешавад. Нақшҳои асосиро боз ҳам Вин Дизел ва Мишел Родригес меофаранд.

Коргардонии қисмати нави филмро Ҷастин Лин, ки қаблан чаҳор қисмати “Форсаж”-ро коргардонӣ карда буд, ба ӯҳда гирифтааст. Нахустнамоиши филм соли 2020 дар назар аст.

Аввалин қисмати филми “Форсаж” ҳанӯз соли 2001 ба навор гирифта шуда буд. Он замон ҳам Вин Дизел дар нақши асосӣ ва коргардонии филм ба ӯҳдаи Роб Коэн гузошта шуда буд.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий