ЭКСКЛЮЗИВ

“Ӯ дузд аст!”: Юлдуз намехоҳад Гулнора Каримова аз зиндон озод шавад

Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Ҳоҷибибӣ Юлдуз Усмонова аз санъаткороне, ки Гулнора Каримоваро ситоиш кардаанд, интиқод кардааст.

Дар наворе, ки овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ нашр кардааст, дида мешавад, ки ӯ сахт асабӣ аст ва ба ҳамкасбонаш муроҷиат карда мегӯяд, ки аз як нафари “дузд” тарафдорӣ накунанд.

“Барои кадом дузд ман ғамгин шавам? Ӯ як дузд аст! Ба корҳои беҳуда машғул шуданро бас кунед. Шумо беҳтараш дуруст қапидани баландгӯяк ва хуб сароиданро омӯзед”,-мегӯяд Юлдуз Усмонова дар навор.

Ҳамчунин, овозхон қайд намудааст, ки гап сари як миллион доллари давлат меравад, ки ҳар тангаи он моли мардум аст ва бо он чандин мактабу боғча бунёд кардан имкон дорад.

“Дар хориҷа як миллион доллар мондааст, ки ин ба давлат маълум аст. Ман дар бораи як миллион сӯм не, дар бораи як миллион доллар гап зада истодаам. Ҳар як тангаи он моли мардум аст. Бо ин қадар маблағ чандин боғчаю мактаб ва онҳоро бо китоб таъмин кардан мумкин аст”,-афзудааст Юлдуз Усмонова.

Танқиди овозхон аз ҳамкасбони худ дар ҳолест, ки рӯзҳои 24-ум ва 25-уми июни соли ҷорӣ як гурӯҳ ҳунармандони ӯзбек аз Гулнора Каримова, духтари калонии собиқ Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов тарафдорӣ карда, барои зудтар озод шудани ӯ дуо карда буданд.

Замони зинда будани Ислом Каримов ҳунарнамоии Юлдуз Усмонова ва як қатор ҳамкасбони ӯ дар қаламрави Ӯзбекистон мамнӯъ буд. Ситораҳо баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, Президенти феълии Ӯзбекистон аз “рӯйхати сиёҳ” баромаданд.

Ҳоло Гулнора Каримова дар муассисаи ислоҳотии занонаи №21-и ноҳияи Зангиотаи шаҳри Тошканд адои ҷазо мекунад ва ба қавле аз карда пушаймон шудааст.

Сарчашма: padida.tj


Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/hittj

Оставить комментарий